Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сурия аз Интернет комилан бурида шудааст


Бино ба гузоришҳо, иртиботи Сурия ба Интернет аз шоми сешанбе тақрибан комилан қатъ шудааст. Дар ин бора ширкатҳои интернетӣ, аз ҷумла Гугл хабар додааст. Ҳоло маълум нест, сабаби қатъи Интернет дар саросари Сурия чӣ бошад ва ба гуфтаи мутахассисон муайян кардани омилҳои он бисёр сахт аст, магар ин ки касоне, ки ин корро кардаанд, худашон бигӯянд. Сурия тирамоҳи соли гузашта ду рӯз аз Интернет комилан бурида шуда буд. Дигар ин ки Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия гуфт, кишвараш қодир аст, ба “таҷовузи Исроил” муқовимат кунад, ки ки ин кишвар чанде пеш чанд таъсисоти низомии Сурия дар наздикии шаҳри Димишқро бомбборон кард. Башор Асад дар ин бора баъди мулоқоташ бо Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон дар Димишқ сухан гуфт. Ҳавопаймоҳои Исроил рӯзи ҷумъаву шанбе чанд таъсисоти низомии Сурия маҳв карданд.
XS
SM
MD
LG