Пайвандҳои дастрасӣ

Саъйи Амрико ва Русия барои хатми ҷанг дар Сурия


Русия ва Амрико эълон карданд, ки ҳукумати Сурия ва шӯришиёнро ташвиқ хоҳанд кард, ки барои хотима додан ба хунрезии дусола ва гузариши мусолиматомези қудрат сари мизи музокирот биншинанд. Дар ин бора Ҷон Керри, вазири умури хориҷии Амрико баъд аз мулоқоташ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳур ва Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар шаҳри Маскав сухан гуфт. Ҷон Керри ва Сергей Лавров гуфтанд, ки Амрикову Русия ҳамроҳ саъй мекунанд, то охири ҳамин моҳ конфронси байналмилалие барои ҳалли муноқишаи Сурия баргузор шавад. Ба гуфтаи Ҷон Керри, дар ҳамоиш масъалаи таъсиси ҳукумати муваққат дар Сурия баррасӣ мешавад, ки ин барномаро соли гузашта дар шаҳри Женева пешниҳод карда буданд. Бар асоси тарҳи Женева, ҳарду тараф метавонанд, нафари ғайриқобилиқабул барои худро ба ҳукумати муваққат роҳ надиҳанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG