Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Размандагони курд имрӯз хоки Туркияро тарк мекунанд


Нерӯҳои ҷудоихоҳони курд имрӯз ба тарки хоки Туркия шурӯъ карда ва ба пойгоҳҳояшон ба Ироқ бармегарданд. Ҳизби Коргарии Курдистон моҳи март бо Туркия оташбас эълон кард ва қавл дод, ки ба хотири музокироти сулҳ ва хотимаи ҷанги 30-сола бо Туркия нерӯҳояшро аз ин кишвар берун мекунад. Дар ҷанги ҳизби мазкур барои мухторияти Курдистон, то кунун даҳҳо ҳазор нафар кушта шудаанд. Ҳизби Коргарии Курдистон рӯзи сешанбе эълон кард, ки гурӯҳи аввалини размандагонаш, рӯзи чаҳоршанбе, Туркияро тарк карда ва дар ҳафтаҳои наздик дар пойгоҳҳояшон дар хоки Ироқ ҷойгир хоҳанд шуд. Барои ихроҷи ҳамаи размандагони ҷудоихоҳони курд аз Туркия аз се то чаҳор моҳ лозим мешудааст.
XS
SM
MD
LG