Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷике дар роҳ ба сӯи зиёрати "қабр"-и Ҳазрати Одам


Абдулазиз Раҷабов

Абдулазиз Раҷабов

Марде, ки ду бор пои пиёда зиёрати Каъба рафтааст, ҳоло тасмими зиёрати "қабр"-и Ҳазрати Одамро дорад.

Абдулазиз Раҷабов, сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, ки феълан дар Ҷумҳурии Доғистони Русия қарор дорад, мегӯяд, ҳамроҳ бо чанд дӯстони доғистониву тоҷикаш ҳадаф доранд, ба зиёрати "қабр"-и Бобои Одам, воқеъ дар Сарандеб (Шри Ланкаи ҳозира) бираванд. Бар асоси боварҳои пайравони аксари динҳои ҷаҳон, гӯри Бобои Одам - нахустинсон дар рӯи замин, дар Шри Ланка ҷойгир аст.

Дар як тамоси телефонӣ Раҷабов ба Радиои “Озодӣ” гуфт, "дар Чеченистон Рамазон Қодиров дар ҷоми Пайғамбар Муҳаммад, ки қаблан онро аз Макка оварда буд, ба ман об дод, ки нӯшидам. Пас аз ин мулоқот сафарамро ба қабри Бобои Одам идома медиҳам."

Ӯ мегӯяд, зиёрат аз ҷойҳои муқаддаси исломӣ ба маънии аслии зиндагиаш табдил ёфтааст ва бояд то поён умр тамоми чунин ҷойҳои муқаддасро пои пиёда зиёрат кунад: “То ҳол бо мақсади ҷойҳои муқаддас ҳар орзуе кардам, Худо маро ба он орзу расонид. Худо маро қувват дод, ки чунин ҷойҳоро бубинам. Худованд ҳамаи мушкилиҳои сафарро бароям осон кардааст. Пушаймон нестам, ки чанд соли умрамро ба зиёрати ҷойҳои муқаддас гузаронидаам. Дар сари гӯри Бобои Одам дуо мекунам, ки Тоҷикистон ободтар шавад.”

Дӯстони Абдулазиз Раҷабов мегӯянд, зиёрати ҷойҳои муқаддаси исломӣ мисле барояш ба як шуғли таркнашуданӣ табдил ёфтааст. Темуршоҳи Файзалӣ, як тан аз дӯстони хонаводагии Раҷабов гуфт, ӯ барои амали кардани мақсадҳои худ устувор аст ва роҳе, ки интихоб мекунад, касе наметавонад ӯро аз ин роҳ баргардонад. Иродаи мустаҳкам дорад ва қодир аст, ки ранҷу азобро таҳамул кунад. Аз сӯи дигар Темуршоҳ мегӯяд, Раҷабов ду писари баркамолашро аз даст додааст ва ғами онҳоро наметавонад, бо нишастан дар хона таҳаммул кунад.

“Вақте, ки ӯ бори аввал дар соли 2006 пиёда ба сафари Ҳаҷ баромад, касе бовар надошт, ки ӯ муваффақ мешавад. Соли гузашта ҳам на ҳамаи ҳамроҳонаш ба ранҷи азоби сафар тан доданд. Як мусулмони аслӣ аст, вале ба касеву чизе кор надорад. Ҳадафаш ҳам ҳадафи нек аст. Бисёре аз наздиконаш розӣ набуданд, ки ӯ боз сеюмбора ба сафар барояд, вале эҳсос мешуд, ки ӯ дарди ду писари ҳалокшудаашро дар ин ҷо таҳаммул карда наметавонад. Аз ин рӯ, боз ба сафар баромад.”

Шариф Абдулҳамидов, сармутахассиси Шӯъбаи кор бо дин дар минтақаи Кӯлоб, ки соли гузашта пас аз сафараш бо ин мард сӯҳбат доштааст, ӯро як “Ҳоҷии намунавӣ ва мусалмони содиқ” медонад. Ба гуфтаи ӯ, Раҷабов дар хориҷ аз кишвар муаррификунандаи чеҳраи тоҷику тоҷикистониён аст ва ҳар ҷое биравад, ҳамчун мусалмон Тоҷикистонро тарғиб мекунад:

“Дидам, ки дар таёқаш парчами Тоҷикистон дорад ва ҳар ҷое биравад, ободии ватани худро тарғиб мекунад. Агар ҳамаи Ҳоҷиён дар баробари адои фароизи худ, мисли Раҷабов кишвари моро таблиғ кунанд, хеле хуб мешавад. Ӯ як марди ватандӯст аст. Бо ҳама забон меёбад ва агар забони арабиро хуб ҳам надонад, аммо фикри худашро метавонад, ба ҳамсӯҳбаташ бифаҳмонад.”

Ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ аз сафарҳои ин сокини ноҳия пуштибонӣ мекунад. Дар нишасти ахири матбуотии худ, Хӯҷамурод Фазлиддинов, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ гуфт, “Ҳоҷӣ пиёда ҳангоми сафараш борҳо ӯро бо раисони вилоятҳои Эрону Афғонистон дар сӯҳбати телефони пайваст карда, ҳарду ҷонибро ба ҳамкорӣ ташвиқ намудааст”.

Абдулазиз Раҷабов, 67 сол дошта, собиқаи кориаш дар мактаби миёна ба унвони устоди варзиш, ба сӣ сол мерасад. Ӯ ният дорад, ки пас аз зиёрати ба гуфтаи худ “гӯри Бобои Одам”, дар ноҳияи Ҳамадонӣ як макони варзишӣ боз кунад ва ба ҷавонон гуштии миллиро омӯзиш диҳад.

Вай бори аввал аз Русия ба Макка сафар кард ва то ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб дар соли 2006, ба Тоҷикистон баргашт. Дар сафари дуввум онҳо ҳашт нафар буданд, аммо ба сабабҳои мухталиф шаш нафари онҳо ин сафарро то охир пойи пиёда анҷом дода натавонистанд.

Зиёрати "қабр"-и Бобои Одам то ба ҳол ба кам касоне аз Тоҷикистон муяссар шудааст. Бино ба бархе ривоятҳо, қабри Ҳазрати Одам дар Шри-Ланка (Сарандеби қадим) воқеъ мебошад. Вале ин ривоят истидлоли собити таърихӣ надорад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG