Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дави марафонӣ бахшида ба солгарди КБСС


Имрӯз, 8-уми май дар саросари ҷаҳон дави марафонӣ бахшида ба 150-умин солгарди Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) барпо мегардад.

Ромин Ҳодизода, масъули иртиботот дар намояндагии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, “дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ 8-уми май соати 16 дар Боғи ботаникӣ ё гиёҳшиносии шаҳри Душанбе дави марафонӣ баргузор мешавад. Дар аввал дави 3-километраи ғайрирақобатӣ сурат мегирад,ки дар он на баранда ва на бозанда эълом нахоҳад шуд. Сипас даври дигари 3-километра барои ҷавонон ташкил мешавад. Бузургсолон бошанд, дар чаҳор давр ширкат мекунанд, ки дар маҷмӯъ 12 километрро ташкил медиҳад."

Ҷаноби Ҳодизода афзуд, "дар дав метавонанд ҳамаи хоҳишмандон ширкат варзанд. Аз ширкаткунандагон хоҳиш карда мешавад, ки бо худ пойафзоли варзишӣ бигиранд. Ташкилкунандагон онҳоро бо футболка ё куртаи варзишӣ, об таъмин менамоянд ва беҳтаринҳоро бо ҷоизаҳо сарфароз мегардонанд. Умедворем, ки гурӯҳҳое аз ҷавонон, аз ҷомеаи маданӣ дар ин дав ширкат кунанд ва ин як навъ ҳамбастагӣ байни тамоми ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари ҷаҳонро нишон медиҳад. Кори мо, фаъолияти мо барои кӯмак ба қишрҳои осебпазир ва мардуми ҷаҳон аст.”

Ба иттилои ҷаноби Ҳодизода, дави марафонии ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Ҷазираҳои Фиҷӣ 8-уми май соати 16 ба вақти маҳаллӣ шурӯъ мешавад ва дар яке аз намояндагиҳои Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Амрикои Ҷанубӣ ба поён мерасад.


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG