Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нерӯҳои амниятии Тоҷикистон тавонистанд аз талошҳои интиқоли маводи мухаддир, ки дар он бархе маҳбусон даст доштанд, ҷилавгирӣ намоянд.

Маркази робита бо ҷомеаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 8-уми май ба «Озодӣ» гуфт, ки дар як амалиёти вижа кормандони амниятӣ, аз интиқоли теъдоди бузурги маводи мухаддир аз Афғонистон ба дохили Тоҷикистон, ҷилавгирӣ шуд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ҷараёни ин амалиёт беш аз 50 килограм маводи мухаддир мусодира шуд, ки дар қочоқи он ду маҳбуси яке аз зиндонҳои Тоҷикистон даст доштаанд.

Маркази робита бо ҷомеаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мегӯяд, ки ба хотири идома ва анҷоми пурраи амалиёт аз ифшои ному насаби маҳбусҳо худдорӣ мекунанд, то ба ҷараёни тафтишот халал ворид карда нашавад. Яке аз ин маҳбусҳо соли гузашта ба муддати 15 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Онҳо аз дохили маҳбас бо тамоси телефонӣ бо гурӯҳи қочоқбар, қасд доштаанд ҳудуди 35 кило афюн ва бештар аз 15 кило ҳашишро вориди ноҳияи Қумсангир ва аз онҷо ба Душанбе интиқол диҳанд.

Аммо ҳангоми интиқоли маводи мухаддир ду нафар боздошт шудааст, ки ҳамакнун алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҷузъиёти ин ҳодиса мавриди омӯзиши ниҳодҳои амниятӣ қарор дорад.

Тоҷикистон як роҳи аслии транзити маводи мухаддири афғонӣ ба Русия ва дигар кишварҳои Аврупо дониста мешавад ва соли 2012 дар кишвар аз ҷониби ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ тақрибан 6 тонна маводи мухаддир кашфу забт шудааст.

Соли гузашта дар як арзёбие, ки коршиносони Муассисаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории Созмони Милал анҷом додаанд, гуфта шудааст, бештар аз нисфи маводи мухаддире, ки аз Афғонистон ба Русия ва кишварҳои Аврупо меравад, аз тариқи қаламрави Тоҷикистон мегузарад. Ба гуфтаи муаллифони ин гузориш, соли 2010 аз тариқи қаламрави Тоҷикистон аз 75 то 80 тонна ҳероин ва аз 18 то 20 тонна афюн қочоқ шудааст, агарчӣ мақомоти расмӣ мегӯянд, ин омор муболиға аст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG