Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошӯбгарони курд аз Туркия ба Ироқ мекӯчанд


Ошӯбгарони курд тасдиқ кардаанд, рӯзи чоршанбе берункашии нерӯҳояшон аз Туркияро оғоз мекунанд. Моҳи март ҳизби коргари Курдистон оташбас эълон карда, иброз дошт, ки нерӯҳояшро ба шимоли Ироқ интиқол медиҳад. Ҷанги беш аз 30-солаи ошӯбгарони курд бар зидди артиши Туркия, ки ҳадаф аз он мухторияти курдҳо дар Туркия будааст, ҳаёти даҳҳо ҳазор нафарро аз байн бурд. Ба қавли раҳбарони курдҳо беруншавии аввалин воҳидҳои нерӯҳо курдҳо аз Туркия ба Ироқ рӯзи чоршанбе шурӯъ шуда, то як ҳафта давом мекунад. Беруншавӣ ба таври комил баъди се ва ё чор моҳ ба анҷом хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG