Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми Ҳамза Муродовро коҳиш додаанд


Бо қарори коллегияи Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Ҳамза Муродов - яке аз муттаҳамон ба қатли генерал Абдулло Назаровро 6 моҳ кам кард. Дар ин бора вакили мудофеъ Файзи Олӣ ба Озодӣ хабар дод. Вакили мудофеъ гуфт, ки онҳо ба раёсати Додгоҳи олӣ муроҷиат кардаанд, ки ҳукми Муродовро боз ҳам камтар кунанд. Ҳамза Муродов ва Оқил Аёмбеков моҳи феврал бо ҷурми даст доштан дар қатли генерал Назаров ба 16 ва 17 соли зиндон маҳкум шуданд. Вакилони мудофеъ ба далели бори аввал ҷиноят содир кардану ҷавон будани Муродов, шароити вазнини оилавӣ ва ширкати бевосита надоштанаш дар куштор аз додгохи таҷдиди назар хостаанд, ки ҳукми ӯро коҳиш диҳанд. Қатли генерал Назаров дар моҳи июли соли 2012 далели оғози амалиёти вижа дар Хоруғ шуд, ки ҳудуди 70 кушта ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG