Пайвандҳои дастрасӣ

Маркази Левада зери фишори мақомоти Русия афтид


Мақомоти Русия ба ягона маркази мустақили назарсанҷии ин кишвар дастур доданд, ки ҳамчун “агенти хориҷӣ” сабтином шавад, зеро ба қавли онҳо ин созмон аз хориҷа сармоя дарёфт мекунад.

Рӯзи сешанбе рӯзномаи Известия, чопи Маскав, аз нақли идораи додситонии кулли Русия иқтибос овард, ки гӯё маркази назарсанҷии Левада дар охири соли 2012-ва оғози соли 2013-ум аз хазинаҳои хориҷӣ камаш 126 ҳазор доллар касб намудааст.

Раиси маркази Левада Лев Гудков ба Известия гуфтааст, ки то ҳол аз додситонӣ номаи расмӣ нагирифтааст. Гудков афзудааст, ки фишор болои ин марказ замоне оғоз ёфт, ки онҳо дар бораи поинравии пуштибонӣ аз Путин гузориш доданд.

Бар пояи хулосаи маркази Левада моҳи сентябри соли 2008-ум 87 дар сади пурсидашудаҳо аз Путин пуштибонӣ мекарданд.

Ҳозир 55 дар сади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки мехоҳанд соли 2018-ум дар Русия президенти нав сари қудрат ояд.
XS
SM
MD
LG