Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду ҳамла болои исломгароҳои Покистон


Рӯзи сешанбе бар асари як бомбгузорӣ дар шимолу ғарби Покистон 8 нафар кушта, шумори зиёде захм бардоштаанд.

Маъмури ҳукумати маҳаллӣ Абдулҳамид Хаттак ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳадафи бомбгузорӣ нишасти як сиёсатмадори исломӣ будааст. Хаттак афзуд, ки ҳамла дар бозори минтақаи Ҳангуи вилояти Хайбар Пахтунхво ба вуқӯъ пайвастааст:

Таркиш соати 11:45 дар ҳоле ба амал омад, ки маъракаи пешазинтихоботии номзади ҳизби Ҷамъияти уламои исломӣ муфтӣ Сайид Ҷаҳон дар авҷ буд. Бомбгузори маргталаб бо мотосикл ба дохили издиҳом рафта, маводи мунфаҷирро фаъол кард. Муфтӣ Ҷаҳон ҷон ба саломат бурд, вале чанд нафар ҷароҳат бардоштанд. Ҳоло рақами дақиқи қурбониҳо маълум нест. Дар шифохонаҳо вазъи фавқудода эълон шудааст.”
Дар ду рӯзи ахир ин дуввумин ҳамла болои номзадҳои ҳизбе мебошад, ки нисбати Толибон назари нек дорад.
XS
SM
MD
LG