Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози сабти номзадҳои раёсатҷумҳурӣ дар Эрон


Дар Эрон маъракаи сабти номзадҳои курсии раёсатҷумҳурии ин кишвар оғоз ёфт.

Номзадҳо дар давоми панҷ рӯзи оянда пешбарӣ шуда, баъд Шӯрои нигаҳбони қонуни асосӣ, ки аз тарафи оятулло Алии Хоманайӣ-раҳбари рӯҳонии ҷумҳурии исломӣ, таъйин шудааст, номзадҳоро арзёбӣ мекунад. Сипас номзадҳои тасдиқшуда барои пешбурди маъракаи тарғиботиашон чор ҳафта вақт хоҳанд дошт.

Тахмин мешавад, ки дар ин интихобот номзадҳои муҳофизакор пешдаст хоҳанд буд, зеро номзадҳои ҷонибдори ислоҳот зери фишор қарор доранд.

Аз эҳтимол дур нест, ки президенти феълии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод аз номзадии Исфандиёр Раҳим Машоӣ пуштибонӣ кунад.

Аҳмадинажод ду давр президенти Эрон буд ва ҳоло бар пояи қонуни асосии ҷумҳурии исломӣ ҳақ надорад барои курсии раёсатҷумҳурӣ мубориза барад.

Интихоботи президентии 11-уми июн замоне барпо мешавад, ки Эрон аз сабаби пешбурди барномаи баҳсбарангези ҳастаӣ мавриди таҳрими байналмилалӣ қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG