Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се духтари гумшуда баъд аз 10 сол ёфт шуданд


Аманад ва Ҷорҷина, ки наздик ба 10 сол пеш гум шудаанд, рӯзи 6-уми май аз асорат раҳо гаштанд.
Аманад ва Ҷорҷина, ки наздик ба 10 сол пеш гум шудаанд, рӯзи 6-уми май аз асорат раҳо гаштанд.

Маълум шуд, ки онҳоро яке паси дигар се бародар рабуда ва то ин вақт дар асорат нигоҳ медоштаанд.

Баъд аз он ки ҷустуҷӯи Аманда, Ҷорҷина ва Мишели гумшуда солҳои дароз натиҷае надод, бисёриҳо онҳоро фаромӯш карданд, аммо аҳли хонаводаи онҳо ҳамеша умедвор буд, ки рӯзе аз зинда ё мурдаи онҳо хабаре хоҳад ёфт. Ва ҳам афроде низ буданд, ки маъракаи матбуотии замони гум шудани духтарон дар зеҳнашон нақш баста буд. Аз ҷумла ҳамсояе, ки Аманда Берӣ ҳаросон ба хонааш даромад ва хоҳиш кард, ба полис занг зананд, ин духтарро шинохт. Аманда дар пайти муносибе тавонистааст, аз асорат фирор кунад.

Ба шарофати ин занги телефонӣ се бонуе, ки қариб даҳ сол пеш дар рӯйдодҳои гуногун рабуда шудаанд, рӯзи душанбе аз асорат дар як манзил дар шаҳри Кливленд наҷот ёфтанд ва полис се бародарро ҳамчун гумонбарони дуздии ин духтарон боздошт кард.

Муовини сардори полиси Кливленд, Эд Томба, рӯзи 7-уми май ба хабарнигорон гуфт: "Ин воқеан рӯйдоди шигифтангез ва неъмате барои хонаводаҳову ҷомеаву полис аст, ки онҳо зинда пайдо шуданд. Мо бениҳоят хурсандем. Кори зиёде дар пеш дорем, вале шодем, ки онҳо зиндаву саломат ва ҳамроҳи моянд.”

Бисёриҳо гумон доштанд, ки ин духтарҳо кушта шудаанд. Аманда як рӯз пеш аз 17-солагияш ҳангоми хуруҷ аз ҷойи кораш гум шуд. Ҷина ё Ҷорҷина Дейесус, вақте ки дар соли 2004 дар роҳ аз мактаб ба хона нопадид гашт, 14-сола буд. Ва Мишел Найтро дар соли 2002, замоне дуздиданд, ки қадам ба 19 мениҳод.

Гум шудани ду духтари аввалӣ шӯру ғавғоеро дар Кливленд ба миён овард, аммо дар бораи Мишел наздиконаш гуфтанд, эҳтимол ӯ худ аз манзили волидонаш фирор кардааст. Вале модари ӯ ҳамеша гуфтааст, ки ба фирори духтараш бовар надорад ва ӯ рабуда шудааст. Вай гуфт, ҳамаи ин солҳо дуову муноҷот мекардааст, ки духтараш зинда бошад ва аз ҳар балое, ки ба сараш омадааст, саломат бигзарад.

“Бало” се бародари Кастроҳо будаанд, ки яке аз онҳо – Ариели 52-сола ронандаи автобуси мактаб буд. Аз ду бародари дигар яке 50 ва дигаре 54-сола буда, духтаронро барои ҳамзистӣ рабудаанд.

Полис мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд ҳарсе духтар тамоми ин муддат, ки ҷустуҷӯи онҳо дар саросари аёлати Оҳайо идома дошт, дар ҳамин манзил ба сар мебурдаанд. Сокинони маҳалла мегӯянд, ҳаргиз гумон надоштаанд, ки бародарон даст ба чунин коре зада бошанд. Онҳо бародаронро ҷавонони хуб ва боадаб номидаанд.

Хабари ёфт шудани гумшудаҳо ин маҳаллаи Кливлендро ба ҷашнгоҳе табдил дод. Садҳо нафар ҷамъ омаданд ва аз раҳоии духтаронро таҷлил карданд. Онҳо гуфтанд, ҳамаи ин даҳ сол талош кардаанд, ба полис дар ҷустуҷӯи духтарон ёрӣ расонанд.
XS
SM
MD
LG