Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати дохила як капитанро аз кор ронд


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як афсари милисаро барои “амале, ки ба шаъни корманди мақомоти корҳои дохилӣ доғ меорад”, аз кор ронданд. Мансур Холмуродов, капитани милиса ва муфаттиши калони шӯъбаи ҷустӯҷуи ҷиноии раёсати умури дохилии Душанберо бар асоси шикояти як нафар аз тариқи "телефони боварӣ"-и вазири умури дохилӣ барканор кардаанд.
Маҳмадулло Асадуллозода сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, Холмуродов аз вазифааш сӯъиистифода кардааст.
Қаблан вазири дохила Рамазон Раҳимов гуфта буд, ки танҳо дар соли 2012, 372 корманди милисаро бо “сабабҳои манфӣ”, аз ҷумла 89 нафарро барои амалҳое, ки ба шаъну шарафи корманди мақомот доғ меорад, ва 136 нафарро барои вайрон намудани интизоми хизматӣ аз кор озод карданд.
XS
SM
MD
LG