Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ ба Маскав сафар кардааст


 Ҷон Керрӣ дар фурудгоҳи Маскав (7 майи 2013)
Ҷон Керрӣ дар фурудгоҳи Маскав (7 майи 2013)
Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ бо ҳадафи арзёбии вазъи Сурия ва мубориза бо терроризм вориди Маскав шуд.

Пешбинӣ мешавад, ки ӯ бо президенти Русия Владимир Путин, аъзои ҳукумат ва ҷамоаи шаҳрвандии Русия дидору гуфтугӯ хоҳад дошт. Дар сафари дурӯзаи Керрӣ ҳамчунон арзёбии таҳдидҳои ҳастаии Кореяи Шимолӣ ва Эрон, Афғонистон, тиҷорати дутарафа ва вазъи ҳуқуқи башар баҳс мешавад.

Ин аввалин сафари Керрӣ ба Русия аз замони тасдиқи ӯ дар мансаби котиби давлатии ИМА дар моҳи феврали соли равон аст. Тахмин мешавад, ки Керрӣ Русияро ба тағйири мавқеъ дар мавриди Сурия даъват хоҳад кард.

Русия аз пуштибонҳои асосии режими президенти Сурия Башор ал-Асад ба шумор меравад. Коршиносон мегӯянд, бомбгузориҳои Бостон, ки аз тарафи муҳоҷирони чечен ба вуқӯъ пайвастаанд, таваҷҷӯҳи Вашингтону Маскавро ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи мубориза бо терроризм ҷалб намуд.
XS
SM
MD
LG