Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили қаторҳои Тоҷикистон бо Русия рафъ шудааст


Мақомоти Роҳи оҳани Русияву Тоҷикистон мегӯянд, дигар мушкиле дар мавриди вагонҳои Тоҷикистон боқӣ намондааст.
Владимир Якунин ва Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раҳбарони ниҳодҳои роҳи оҳани ду кишвар дар нишасти матбуотии муштараке, ки имрӯз дар Душанбе дар пайи ҷаласаи раҳбарони ширкатҳои оҳани Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ ва соҳили Балтик баргузор шуд, сари ин нукта иттифоқи назар доштанд, ки мушкилот буданд, аммо ҳоло моли гузашта шудаанд ва ҳамкории онҳо идома пайдо хоҳад кард.
Раҳбарони роҳи оҳани Русияву Тоҷикистон ҳамчунин изҳороти Усмон Қаландаров, муовини раиси роҳи оҳани Тоҷикистонро дар бораи ин ки Русия мехоҳад бозори роҳи оҳани Тоҷикистонро ба монанди Қирғизистон ғасб кунад, рад намуданд. Онҳо гуфтанд, ки чунин нақшаҳо вуҷуд надоранд ва ҳамкориҳо ба мисли пештара идома хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG