Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Толибон ба "падари маънавӣ"-и худ раҳм накарданд


Захмиёни таркиш дар Хуррам.

Захмиёни таркиш дар Хуррам.

Бар асари таркиши дар як гирдиҳамоии сиёсӣ дар Хуррам – минтақаи паштуннишин воқеъ дар шимол-ғарби Покистон, 23 нафар кушта ва беш аз 70 тани дигар захм бардоштаанд.

Ба назар мерасад, дар ин таркиш, ки рӯзи душанбе сурат гирифт, ҳадаф гирдиҳамоии гуруҳи динии «Ҷамъияти уламои ислом " (шохаи Мавлоно Фазлраҳмон) будааст.

Хабарҳои аввалия аз кушта шудани дастикам 15 нафар дар ин бамгузорӣ ҳикоят доштанд, аммо тозатарин гузоришҳо аз кушта шудани 23 нафар ва захмӣ шудани 70 нафар хабар медиҳанд.

Ин тозатарин хушунати мусаллаҳона аст, ки қабл аз интихоботи парлумонии ҳафтаи ояндаи Покистон сурат мегирад. Мардуми Покистон рӯзи 11-уми май барои интихоби вакилони парлумон пойи сандуқҳои раъй хоҳанд рафт.

Аммо ҳамлаи Толибон ба як гуруҳи суннатӣ ва муҳофизакори покистонӣ камсобиқа аст, ба вижа ки Ҷамъияти уламои ислом бо Толибон робитаи наздик дорад ва раҳбари ин гуруҳ Мавлоно Фазлраҳмон чун «падари маънавӣ"-и шинохта шудааст. Яке аз аъзои Ҷамъияти уламои ислом ба телевизиони GEO-и Покистон гуфтааст, ки бовараш намеояд, ки Толибон ба онҳо ҳамла кардаанд. Ин узви Ҷамъияти уламои ислом гуфт, гуруҳи онҳо пештар таҳдиде аз сӯи Толибон дарёфт накарда буд.

Як сухангӯи Толибон гуфтааст, ки ҳадафи аслии ин ҳамла Мунирхон Оракзай, яке аз номзадҳои Ҷамъияти уламои ислом буҳааст, ки ҳини таркиш ба суханронии худ дар ин гирдиҳамоӣ, поён медод. Ба гуфтаи ин сухангӯи Толибон, Мунирхон Оракзай, ба «муҷоҳиддини араб» хиёнат карда ва боис шудааст, ки онҳо дастгир шаванд.Оракзай аз ин таркиш ҷони солим ба дар бурдааст.

Яке аз шоҳидони айнӣ дар ин гирдиҳамоӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории Ассошиэйтед Пресс саҳнаи пас аз таркишро ба «дӯзах» ташбеҳ кардааст: «Дар ҳоле, ки даҳҳо захмӣ дар атроф дар ҳоли фарёд задан ва кӯмак хостан буданд.»

Аз замони оғози маъракаи интихоботӣ дар моҳи гузашта дар Покистон, дастикам ҳаштод нафар дар пайи хушунатҳое, ки Толибон онҳоро ба дӯш гирифтаанд, кушта шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG