Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 6-уми май бозии охирини даври панҷуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ - «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ баргузор шуд.

Ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода сурат гирифт, бо пирӯзии дастаи мизбон – «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби бузурги 5:1 хотима ёфт. Ин ғалаба ба «Регар-ТадАЗ» имкон дод, ки бо 9 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ба ҷойи дувум барояд. Вале дастаи нави лигаи олӣ – «Панҷшер» бо як имтиёз дар зинаи охирин қарор гирифтааст.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 5-ум.
«РЕГАР-ТАДАЗ» - «ПАНҶШЕР» - 5:1
Голҳо: Фирӯз Раҳматов, 13 (1:0). Акуффо Гершон, 34 (2:0). Комил Саидов, 48 (3:0). Хуршед Маҳмудов, 64 (4:0). Шодибек Ғаффоров, 82 (5:0). Наим Холов, 88 (5:1).

Алишер Салимов («Панҷшер») баъди ҳуштаки ниҳоӣ корти сурх гирифт.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 4 4 0 0 14-3 12
2 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 3 3 0 0 7-1 9
3 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 4 2 1 1 4-2 7
4 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 4 2 1 1 3-1 7
5 «Равшан» (Кӯлоб) 2 2 0 0 2-0 6
6 «Энергетик» (Душанбе) 5 1 2 2 3-5 5
7 «Хайр» (Ваҳдат) 3 1 1 1 4-4 4
8 ССКА «Помир» (Душанбе) 4 0 3 1 1-2 3
9 «Истаравшан» (Истаравшан) 4 0 2 2 0-4 2
10 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 5 0 1 4 2-8 1
11 «Панҷшер» (Ҷалолиддини Румӣ) 4 0 1 3 4-14 1

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 5 тӯб, Юҷин СЕПУЙЯ («Истиқлол»), Бахтиёр ҲАКИМОВ («Панҷшер»), Муҳаммад ГУЛИПУР («Хуҷанд»), Акуффо ГЕРШОН («Регар-ТадАЗ») – 2-тӯбӣ.

Бозии даври 4-ум
9-уми май (панҷшанбе)
Оғози бозӣ – соати 17.00
«РАВШАН» - «ПАРВОЗ». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.

Бозии даври 2-юм
10-уми май (ҷумъа)
Оғози бозӣ – соати 17.00
«ИСТАРАВШАН» - «РЕГАР-ТАДАЗ». Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG