Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози сабти номи номзадҳои интихоботи президентии Эрон


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Сабти номи номзадҳои ёздаҳумин давраи интихоботи президентии Эрон, имрӯз, сешанбеи 7-уми май оғоз шуд ва то рӯзи шанбе идома хоҳад дошт.

Ба гузориши пойгоҳи хабаррасонии вазорати умури дохилии Эрон, довталабон бояд «эрониасл, шаҳрванди Эрон, мудир ва мудаббир, дорои собиқа ва амонат ва тақво ва муъмину муътақид ба пояҳои Ҷумҳурии исломии Эрон ва мазҳаби расмии кишвар» бошанд.

Интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон қарор аст барои нахустин бор ҳамзамон бо интихоботи шӯроҳо дар моҳи июни соли ҷорӣ баргузор шавад. Ин бор бар хилофи давраҳои гузашта, вазорати корҳоии дохилӣ зери назари ҳайати иҷроии марказии интихобот, ин интихоботро баргузор хоҳад кард. Вазири корҳои дохилии ин кишвар ба унвони раис, як намояндаи парлумон, Додситони кулли кишвар, вазири истихборот ва ҳафт нафар аз шахсиятҳои динӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ» узви ҳайати иҷроии марказии интихобот ҳастанд.

Интихоботи қаблии раёсати ҷумҳури Эрон дар соли 2009 нооромиҳоро дар пай дошт, ки бар асари он даҳҳо кушта ва садҳо тан зиндонӣ шуданд. Усулгароён ки дар давраи қаблӣ аз Маҳмуди Аҳмадинажод пуштибонӣ мекарданд, ҳамакнун бар сари як номзад иттифоқ накардаанд.

Эътилофи Пешрафт ё 1+2 бо узвияти Али Акбар Вилоятӣ, Муҳаммад Боқир Қолибоф ва Ғулом Али Ҳаддод, аз ҷумлаи гуруҳҳои қавии усулгароён аст. Дар ин гуруҳ низ нишонаҳое аз ихтилофот ба чашм мехӯрад. Дар ҳоле, ки Алӣ Акбар Вилоятӣ бар назари уламо ва рӯҳониён барои номзадии ниҳоии ин эътилоф такя дорад, расонаҳои наздик ба Қолибоф мегӯянд, шаҳрдори Теҳрон нисбат ба Вилоятӣ дар назарсанҷиҳо вазъияти беҳтаре дорад.

Ҷабҳаи Пойдорӣ, ки бо раҳбари Муҳаммад Тақӣ Мисбоҳи Яздӣ фаъолият мекунад ва яке аз ҳомиёни аслии Маҳмуди Аҳмадинажод буд, аз номзадии Боқири Лангаронӣ, вазири беҳдошти ихроҷии кобинаи Аҳмадинажод пуштибонӣ мекунад, ки ин сабаби озурдагии бархе аз ҳаводорони Саид Ҷалилӣ шудааст.

Эътилофи панҷнафараи усулгароён ҳам бо Муҳаммадризо Боҳунар, Яҳё Оли Исҳоқ, Манучеҳр Муттакӣ, Мустафо Муҳаммадипур ва Муҳаммад Ҳасан Абутуробӣ эъломи мавҷудият кардааст.

Ислоҳталабон ҳанӯз номзади худро эълом накардаанд ва ду чеҳраи аслии онҳо, яъне Муҳаммад Хотамӣ ва Али Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ошкоро гуфтаанд, ки агар раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ ҳамроҳӣ накунад, наметавон шароити кунунии кишварро тағйир дод. Бо ин ҳол на Рафсанҷонӣ ва на Хотамӣ эҳтимоли номзадии худро рад накардаанд.
XS
SM
MD
LG