Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳазорон нафар дар тазоҳуроти Болотная ширкат карданд


Тазоҳурот дар Болотная
Тазоҳурот дар Болотная
Ҳазорон нафар мардум дар раҳпаймоии нируҳои мухолифони Русия дар майдони Болотнаяи Маскав ширкат ҷустанд. Ин раҳпаймоиро муовини нахуствазири пешин Борис Немтсов-яке аз раҳбарони мухолифон ифтитоҳ кард. Раҳпаймоӣ ба яксолагии тазоҳуроти эътирозии майдони Болотная ихтисос дошт ва он бар зидди бозгашти дубораи Владимир Путин ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ баргузор шуда буд.

Созмондиҳандагони раҳпаймоии рӯзи душанбе даъват карданд, ки мақомот бештар аз 20 нафарро, ки дар тазоҳуроти соли гузашта боздошт шуда буданд, аз зиндон раҳо кунанд. Субҳи рӯзи душанбе Максим Мелков-як созмондиҳандаи ин тазоҳурот дар ҳодисае ҷон дод. Дар ҷараёни корҳои омодагӣ баландгӯ ба сари вай афтод.

Бо вуҷуди чунин пешомад шаҳрдори Маскав тазоҳуротро иҷоза дод ва он гуна, ки ба нақша гирифта шуда буд, тазоҳурот анҷом гирифт. Дар он бештар аз 30 000 нафар ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG