Пайвандҳои дастрасӣ

2 шаҳрванди Эрон дар Кения ба ҳабси абад маҳкум шуданд


Додгоҳи Кения ду шаҳрванди Эронро ба иттиҳоми даст доштан дар амали террористӣ ба ҳабси абад маҳкум кард. Аҳмад Муҳаммад ва Саид Мансур барои бо худ доштани маводи тарканда ва нақшаҳои бамгузорӣ дар шаҳрҳои Кения ҳафтаи гузашта гунаҳгор эълон шуданд.

Рӯзи душанбе дар ҷараёни қироати ҳукм, додгоҳ гуфт, ки ин ду нафар бо як шабакаи терроистие иртибот доштаанд, ки мехостааст, дар шаҳрҳои Найробӣ ва Мумбас бамгузорӣ кунад.

Ин ду мард моҳи июн дар пойтахти Кения боздошт шуда буданд. Вале онҳо ин иттиҳомотро рад мекунанд ва вакили мудофеи онҳо мегӯяд, ки бар зидди ҳукми додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG