Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Димон Ашӯров аз шаш айбнома танҳо якеро қабул дорад


Димон Ашуров дар мурофиаи имрӯзи Додгоҳи олӣ сухани охирини худро ироа кард ва гуфт, ки аз айбномаи Додгоҳи олӣ розӣ намебошад. Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеи Димон Ашӯров рӯзи 6-уми май ба радиои Озодӣ гуфт, бинобар саривақт ҳозир нашудани ҳамаи вакилони мудофеъ, мурофиа дар нимаи дувуми рӯзи душанбе оғоз шуд, ки дар он танҳо Димон Ашӯров охирсухани худро ироа кард. Ба қавли Шуҳрат Қудратов, Димон Ашӯров зимни сухани худ гуфт, ки айбномаи Додситонии куллро эътироф намекунад ва ин ҷурмҳоро дар нисбати худ беасос мешуморад. Додситонии кулл Димон Ашӯровро дар маҷмуъ ба 6 ҷурм, аз ҷумла ба «ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, «бетартибиҳои оммавӣ», «истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат, фирор ва «тақаллуби ҳуҷҷатҳо» айбдор карда буд.

Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои Димон Ашӯров афзуд, ки фардо, сешанбеи 7-уми май Шерик Карамхудоев, раиси Бахши хоруғии Ҳизби наҳзати исломӣ сухани охирин худро дар мурофиа арз хоҳад кард. Ба дунболи он, раиси мурофиа ба хонаи машваратӣ дохил шуда, ҳукми ин ҳардуро таъин хоҳад кард. Қаблан, айбдоркунандаи давлатӣ барои Димон Ашӯров 13 сол ва барои Шерик Карамхудоев, 15 соли маҳрумият аз озодиро пурсида буд.
XS
SM
MD
LG