Пайвандҳои дастрасӣ

Раҷаби Мирзо - хабарнигор ва номзад дар интихоботи миёндавраии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи рақами 39-и Восеъ мегӯяд, худро дар ин интихобот бозанда ҳисоб намекунад.

Тибқи натоиҷи расмӣ, интихоботро дар ин ҳавза номзади ҳизби аграрӣ Зайниддин Сафаров бо касби 73,2 фоиз бурда, рақибони ӯ Ибодулло Неъматов аз ҳизби ҳокими халқӣ-демиократӣ ва Раҷаби Мирзо, номзади мустақил мутаносибан 16,3 ва 7,9 дарсади раъйҳоро ба даст оварданд.

Раҷаби Мирзо дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Озодӣ гуфт, ситоди интихоботиаш аз қонуншиканиҳо дар ҷараёни раъйдиҳӣ маводи фаровони видеоӣ дар ихтиёр дорад, вале ба ягон ниҳоди расмӣ шикоят бурданӣ нест.

Озодӣ: Дар чунин ҳолат ба натиҷаҳои интихобот чӣ баҳо медиҳед?

Р. Мирзо: Мо дар ибтидо намедонистем, ки онро чӣ гуна баҳогузорӣ кунем. Интихоботро байкот эълон кунем ё натиҷаҳоро эътироф накунем.Саранҷом тасмим гирифтем, ки нозирони худро фаро мехонем ва бад-ин тариқ ба тамоми суолҳоямон посух мегирем. Ман фикр мекунам, ки ба ин суолҳо посух гирифтем.


Озодӣ: Агар ба назари шумо интихобот шаффоф набуд ва ҳангоми натиҷагирӣ ба тақаллуб роҳ додаанд, оё шумо аз қабл ҳамин гуна сурат гирифтани корро эҳсос мекардед?

Р. Мирзо: Бале, мо чанд сенария ё ҳолатро пешбинӣ мекардем. Ҳатто пеш аз он ки ба ин маърака ё корзор ворид шавем, пешбинӣ мекардем, ки чӣ гуна ҳолатҳо пеш омаданаш мумкин аст. Мо ба ҳамин лаҳзае, ки дирӯз рӯ ба рӯ шудем, агар бигӯем, ки мо омода набудем, дурӯғ мебуд. Мо омодагӣ доштем, вале барои мо рӯшан набуд, ки дар ҳамин гуна шакл гирифтани маърака бештар кӣ манфиатдор аст? Танҳо ҳукумати маҳаллӣ ё аз он болотар? Фикр мекунам, ки дирӯз ба ин суол, ки аз кӣ мешавад домангир шуд, мардум ва нозирони мо, ки бештари онҳоро рӯзноманигорони саршиноси тоҷик ташкил медоданд, посухи худро дарёфтанд ва ҳатман онро инъикос ҳам мекунанд.

Озодӣ: Пас дар чунин вазъ ҳадафи шумо чӣ буд, ки номзадии худро ба намояндагии парлумон пешниҳод кардед?

Р. Мирзо:
Мо ба истиқболи ҳукумат ба хотири ислоҳот рафта будем. Ҳанӯз ҳам гумон дорем, ки ҳукумати Тоҷикистон ниёз ба як ислоҳоти ҷиддӣ дорад. Гумон мекардем, ки пеш аз маъракаи густардатаре чун интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳукумат ҳам истиқболи моро гарм хоҳад пазируфт ва ҳадди ақал барои ҷомеа пас аз чанд рӯзи паёми ҷаноби президент, ки мегуфт, интихоботи шаффофу демократиро таъмин мекунад, ҳамин чизро ба маърази ом мегузорад ва ба мардум нишон медиҳад, ки омода аст, ба як ислоҳот биравад. Мо ҳам аз ҳукумат чизе намехостем ва намегуфтем, ки ба қавле, номзадии моро дастгирӣ бикунанд ё бигузаронанд. Танҳо мехостем он овозеро барои мо мунсифона пешниҳод кунанд, ки мардум ба мо додаанд.

Озодӣ: Маъмулан дар чунин ҳолатҳо дар кишварҳои дигар ситоди номзади норозӣ ба додгоҳ ё ниҳодҳои дигар муроҷиат мекунад, то натиҷаҳои интихоботро зери суол барад. Шумо ҳам мехоҳед чунин корро бикунед?

Р. Мирзо:
Ҳадафи асосии мо аз ширкат дар интихобот чӣ буд? Мо мехостем, ки мандати вакилиро аз мардум бигирем. Ситоди интихоботии мо ҳам бар ин назар аст, ки бояд ба ҷое аз мақомоти ҳукуматӣ шикоят набарем. Чунки ҳамаи ононе, ки қаблан ҳам дар сӯҳбатҳояшон мегуфтанд ва тасаввур ҳам мекарданд, вазъиятро диданд. Мо танҳо метавонем ба мардуми интихобкунанда нишон диҳем, ки дар ҷараёни интихобот чӣ гуна қонуншиканиҳо сурат гирифтааст. Мо дар ин бора наворҳои зиёд дорем.

Озодӣ: Оё ин наворҳоро ба созмонҳои баййналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар пешкаш мекунед?

Р. Мирзо:
На, на. Мо чунин ният надорем. Мо мехоҳем, ки аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва матбуот он ғиромбозиҳо ва он ҳолатҳои бисёр даҳшатнок ва баъзан тааҷҷубоварро ба маърази мардум бигзорем ва худи мардум хулоса кунанд, ки кӣ рост мегӯяд ва кӣ дурӯғ?

Озодӣ: Шумо, ки ба ҷое шикоят бурданӣ нестед, худро дар ин интихобот бозанда ҳисоб мекунед?

Р. Мирзо:
Ман аз ин интихобот чизе набохтаам. Имрӯз ҳам дар утоқи раиси ноҳияи Восеъ номзади Ҳизби аграрии Тоҷикистон Зайниддин Сафаров нишаста буд, бо якдигар салом кардем. Ман ба эшон гуфтам, ки муттаассифона, шуморо наметавонам табрик кунам ва ҳатто ба Худо ҳам қасам хӯрдам, ки агар дар ҳамин ҳолати шумо ман мебудам, ман рафта ба ҳамон курсӣ наменишастам. Ба шумо ҳам ман ҳамин тавсияро медиҳам. Бигзор як курсии порламон холӣ боқӣ бимонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG