Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мансабдорон қонуни "танзим"-ро риоя намекунанд"


Мири шаҳри душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, дар як ҷаласаи корӣ мақомотро дар риоя накардани қонуни танзими расму оин дар пойтахт танқид кард.
Сухангӯи шаҳрдорӣ ба радиои Озодӣ гуфт, натиҷаҳои як санҷиш нишон додаанд, ки қонуншиканҳои аслӣ дар ин самт аз ҷониби бархе мақомот ва хизматчиёни давлатӣ сурат гирифтаанд. Раиси шаҳр ба мақомоти прокуратура дастур додааст, ки барои таъмини иҷроиши якхелаи қонунгузорӣ аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва халалдор накардани оромии сокинон аз тарафи муассисаҳои хизматрасонию фароғатӣ, бидуни хотирбинӣ чораҳои қатъӣ андешанд.

Қонуни танзими расму оин, ки моҳи июни соли 2007-ум ба иҷро даромад ва дар ин муддат ду маротиба бозбинӣ шуд. Танзими расму оин шумори меҳмонони тӯйро дар хонаи тӯйдор бо 200 нафар, дар тарабхона – бо 150 нафар ва шумори меҳмонони маъракаҳои азодориро бо 140 нафар ва замони баргузории маъракаҳоро бо 3 соат маҳдуд ва маъракаҳое, чун “ҳоҷиталбон”-у “домодталбон”, “себегоҳа” ва “ҷумъагӣ”-ро манъ мекунад. Ҳар соҳиби маърака бояд аз пеш шумори меҳмонон, миқдори гӯшту равғану биринҷ ва рӯйхати таомашро ба куммиссиюни танзим ироа карда, иҷозати расмӣ бигирад.
Барои нақзи ин қонун ба маблағи аз 3500 то 18200 сомонӣ ҷарима ҳам таъйин шудааст. Гуфта мешавад, дар ҳоле, ки нозирони иҷроиши ин қонун маъракаҳои мардуми маъмулиро дар зери заррабин қарор додаанд, аммо ба муҷозоти мақомот ҷуръат намекунанд.
XS
SM
MD
LG