Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин генералзан дар додситонии кулли Қазоқистон


Барои нахустин бор доситонии Қазоқистон занеро ба рутбаи генералӣ пешниҳод кард ва Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳур рӯзи душанбе ба Сауле Айтбаева рутбаи генералиро супурд. Айтбаева 52 сол дорад ва раиси Кумитаи омор ва сабти қонунист.

Назарбоев рутбаи генералиро ба Айтбаева дар як маросими вижа дар Остона-пойтахти Қазоқистон ба вай дод. Даҳҳо нафари дигар аз афсарони низомӣ ва нируҳои интизомӣ ҷоиза ва рутбаҳои баландтар дарёфт карданд.

Маросими тақдими ҷоиза ва рутбаҳо дар остонаи Рӯзи дифоъ аз Падарватан, яъне 7 май баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG