Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумитаи назорату ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон Соломон Течи, ҳамлагари дастаи “Равшан”-и Кӯлобро, аз 3 бозии мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон маҳрум ва ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима кард.

Легионери африқоии “Равшан” аз Гана Соломон Течи барои зарба задан ба рақибаш дар бозӣ бо “Энергетик” муҷозот шуд. Ҳамчунин кумитаи доварону нозирони ФФТ сардовари бозии “Равшан” - “Энергетик” Каюмарс Сулаймоновро барои вайрон кардани моддаи 1-и банди 1.8-и Кодекси ахлоқ, яъне рупӯш кардани беинтизомии бозигар ва роҳ додан ба хатоҳо дар ҷараёни бозӣ аз ҳаққи доварӣ дар чор бозӣ маҳрум намуд.

Инчунин нозири бозӣ Кенҷа Ҳаитов барои вайрон кардани моддаи 3-и банди 20-и Кодекси ахлоқ, яъне рӯпӯш кардани ҳодисаҳо ва рафтори ношоями бозигарон аз ҳаққи нозирӣ дар 4 бозӣ маҳрум гардид. Ба ёвари сардовар Холмурод Зардов барои бедиққатӣ ба лаҳзае, ки қоидаи бозӣ вайрон гашт, огоҳӣ эълон карда шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG