Пайвандҳои дастрасӣ

Эстония ва Тоҷикистон дар Душанбе ҳамкориҳоро баррасӣ мекунанд


Андрус Ансир (акс аз бойгонӣ)

Андрус Ансир (акс аз бойгонӣ)

Андрус Ансип-нахуствазири Эстония барои боздиди серӯза рӯзи душанбе вориди Тоҷикистон шуд. Дар ҷараёни ин боздид нахуствазири Эстония бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳур ва нахуствазир Оқил Оқилов мулоқот мекунад.

Эстония аз ҷумлаи се кишвари каронаи Балтики Шӯравии пешин аст, ки ҳоло ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо даромадаанд.

7 май дар шаҳри Душанбе маҷмаи тиҷоратии соҳибкорони ду кишвар баргузор мешавад. Дар он намояндагони 10 ширкати эстонӣ ширкат ва масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ хоҳанд кард. Ҷонибҳо бештар ба масъалаҳои ҳамкории нақлиётӣ таваҷҷуҳ доранд.

Боздиди нахуствазири Эстония 8 май ба поён мерасад ва интизор меравад, ки ҷонибҳо дар фарҷоми ин боздид 3 санади ҳамкорӣ имзо кунанд. Яке истирдоди маҳкумшудагон, дигарӣ ҳифзи дуҷонибаи сармоягузорӣ ва севвумӣ худдорӣ аз андозбандии дубораи миёни кишварҳо.
XS
SM
MD
LG