Пайвандҳои дастрасӣ

Афғонҳо ва покистониҳо ба сӯи якдигар тирандозӣ карданд


Нируҳои Афғонистон ва Покистон бори дигар дар минтақаи баҳсбарангези марз ба сӯи якдигар тирандозӣ кардаанд. Рӯзи душанбе мақомоти расмии Афғонистон гуфтанд, ки ин тирандозӣ дар вулусволии Гуштаи вилояти Нангарҳор дар наздикии марз бо Покистон сурат гирифтааст.

Тирандозӣ дуруст дар минтақае рух додааст, ки як ҳафта пеш задухурди хунин сурат гирифт ва нируҳои афғонӣ дарвозаи марзиро шикастанд. Ин дарвозаи марзиро нируҳои покистонӣ дар наздикии хати Дюранд барои посгоҳи ба тозагӣ гузоштаи худ дуруст карда буданд.

Ин хати марзиро, ки ҳоло мавриди баҳси ҷонибҳост, дар қарни 19 Британия таъйин карда буд. Даргирии ду ҷонибро билофосила дар Кобул ва дар Нангарҳор маҳкум карданд ва тазоҳуроти эътирозӣ баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG