Пайвандҳои дастрасӣ

Гуруҳи кории Тоҷикистон: "Шайтан-поезд" сохтаю фармоишист


Гурӯҳи кории Тоҷикистон, ки аз 26-уми апрел то 5-уми май қаторҳои Душанбе -Маскавро мавриди санҷиш қарор дод, изҳороти мақомоти баландпояи Русияро беасос хонд. Журналист Ато Мирхоҷа, узви ин гурӯҳ изҳор дошт, ки русиягиҳоро се чиз, ки хоси мардуми мо мебошанд, сахт ба ташвиш овардааст: якум, ворид кардани героин, дуюм, таблиғоти бисёр вақт ифротгароёнаи дини ислом, сеюм, будубоши ғайриинсонӣ.

«Азбаски муҳоҷирони мо дар бадтарин шароит бо арзонтарин музд дар Русия кор карда, 10-15 нафар дар хонаҳои якҳуҷрагӣ ё таҳхонаҳо дар ҳолати антисанитарӣ "зиндагӣ" мекунанд, дар назари мардуми ин мамлакат тамоман беқадр шудаанд. Ба дараҷае, ки русҳо аз гирифтани номи миллати мо танаффур мекунанд.
Ин хулоса талх аст, аммо, мутаассифона, ҳақиқати ҳол чунин аст.»

Ӯ афзуд, "аммо аз рӯйи инсоф бояд гуфт, ки дар қаторҳои Тоҷикистон ҳолати санитарӣ мӯътадил буда, ҳангомае, ки филми гӯё мустанади Мамонтов "Шайтан-поезд" ба вуҷуд оварда буд, ҳамааш сохта ва фармоишист"
XS
SM
MD
LG