Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Задухурди маргбори пулис бо тазоҳуркунандагон дар Бангладеш


Дар Бангладеш миёни пулис ва тундравҳои исломии эътирозгар задухурди маргбор рух додааст. Нируҳои амниятӣ бо истифода аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ тазоҳуроти даҳҳо ҳазор нафар эътирозгарро дар Дакка-пойтахти Бангладеш пароканда карданд.

Бино ба гузоришҳои матбуотӣ, дар Дакка 7 нафар ва дар Канчпур маҳалле дар атрофи пойтахт 3 нафар кушта шудаанд. Исломгароён тақозо доранд, ки қонуни тавҳин ба муқаддасоти ислом шадидтар ва дар он ҳатто ҳукми қатл дар назар гирифта шавад.

Ин тазоҳуроти эътирозӣ дар ҳоле баргузор шудааст, ки ҳукумат талош дорад мардуми ба ғазабомадаро аз фурӯ рехтани боми корхонаи либосдӯзӣ ва куштори коргарони он дар маҳале бо номи Сарвар ором кунад. Ин ҳодиса ду ҳафта пеш рух дода буд.
XS
SM
MD
LG