Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи лигаи якуми футболи Тоҷикистон шурӯъ шуд


Рӯзи 4-уми май мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни дастаҳои лигаи якум дар минтақаи Душанбе шурӯъ шуд.

Дар мусобиқаи имсола 9 даста ширкат дорад: РТСУ, «Локомотив» (ҳарду аз Душанбе), «Саройкамар» (Панҷ), «Нури Норак» (Норак), «Ҳосилот» (Фархор), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Пахтакор» (Қабодиён), «Ҳулбук» (Восеъ) ва «Бохтар» (Бохтар). Мусобиқа дар ду давра доир мешавад. Давраи аввал 20-уми июн ба анҷом мерасад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон давраи аввали мусобиқа дар ду минтақа - Суғд ва Душанбе барпо мегардад. Дар минтақаи Суғд 11 даста иштирок мекунад: «Эсхата», «Мастчоҳ», «Пахтакор», «Уротеппа», «Исфара», «Зарафшон», «Канд», «Спитамен», «Шаҳристон», «Қайроққум» ва «Зутур».

Баъди хотимаи ду давраи мусобиқа дар ҳарду минтақа чор дастаи беҳтарин (аз ҳар минтақа дудастаӣ) ба сабқати ниҳоӣ роҳ меёбанд. Ғолибони минтақа бо дастаҳое, ки дар минтақаи дигар мақоми дувумро гирифтаанд, вориди рақобат мешаванд. Баъдан ғолибони даври ниманиҳоӣ ба финал мебароянд. Ду дастаи дар 1/2 финал мағлубшуда барои ҷойи севум талош мекунанд. Бозиҳои ниманиҳоӣ, барои ҷойи севум ва ниҳоӣ аз ду бозӣ (дар хона ва меҳмонӣ) иборатанд.

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни
дастаҳои лигаи якум. Минтақаи Душанбе.

Дастаҳои ширкаткунанда:
1. «Саройкамар» (Панҷ)
2. «Нури Норак» (Норак)
3. «Ҳосилот» (Фархор)
4. «Кӯктош» (Рӯдакӣ)
5. «Пахтакор» (Қабодиён)
6. «Ҳулбук» (Восеъ)
7. «Локомотив» (Душанбе)
8. «Бохтар» (Бохтар)
9. РТСУ (Душанбе)


Тақвими бозиҳои давраи аввали мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни дастаҳои лигаи якум дар соли 2013, минтақаи Душанбе

Даври 1-ум. 4-уми май (шанбе)
1. «Саройкамар» - «Нури Норак» - 1:1
5-уми май (якшанбе)
2. «Ҳосилот» - «Кӯктош» - 1:2
3. «Пахтакор» - «Ҳулбук» - 2:3
4. «Локомотив» - «Бохтар» - 2:3

Даври 2-юм. 11-уми май (шанбе) – соати 17.00
5. «Ҳулбук» - «Локомотив»
6. «Кӯктош» - «Пахтакор»
7. РТСУ – «Бохтар»
12-уми май (якшанбе) – соати 17.00
8. «Нури Норак» - «Ҳосилот»

Даври 3-юм. 18 май (шанбе) – соати 17.00
9. «Саройкамар» - РТСУ
19-уми май (якшанбе) – соати 17.00
10. «Пахтакор» - «Нури Норак»
11. «Локомотив» - «Кӯктош»
12. «Бохтар» - «Ҳулбук»

Даври 4-ум. 25-уми май (шанбе) – соати 17.00
13. РТСУ – «Ҳулбук»
14. «Кӯктош» - «Бохтар»
26-уми май (якшанбе) – соати 17.00
15. «Нури Норак» - «Локомотив»
16. «Саройкамар» - «Ҳосилот

Даври 5-ум. 1-уми июн (шанбе)
17. «Пахтакор» - «Саройкамар»
2-юми июн (якшанбе) – соати 17.00
18. «Ҳосилот» - РТСУ
19. «Бохтар» - «Нури Норак»
20. «Ҳулбук» - «Кӯктош»

Даври 6-ум. 8-уми июн (шанбе) – соати 17.00
21. РТСУ – «Кӯктош»
9-уми июн (якшанбе) – соати 17.00
22. «Нури Норак» - «Ҳулбук»
23. «Саройкамар» - «Локомотив»
24. «Ҳосилот» - «Пахтакор»

Даври 7-ум. 12-уми июн (чоршанбе) – соати 17.00
25 «Локомотив» - «Ҳосилот»
26. «Пахтакор» - РТСУ
27. «Бохтар» - «Саройкамар»
28. «Кӯктош» - «Нури Норак»

Даври 8-ум. 16-уми июн (якшанбе) – соати 17.00
29. РТСУ – «Нури Норак»
30. «Саройкамар» - «Ҳулбук»
31. «Ҳосилот» - «Бохтар»
32. «Пахтакор» - «Локомотив»

Даври 9-ум. 20-уми июн (панҷшанбе) – соати 17.00
33. «Локомотив» - РТСУ
34. «Бохтар» - «Пахтакор»
35. «Ҳулбук» - «Ҳосилот»
36. «Кӯктош» - «Саройкамар»
XS
SM
MD
LG