Пайвандҳои дастрасӣ

Сармураббии дастаи “Хайр” аз вазифааш барканор шуд


Юсуф Абдуллоев

Юсуф Абдуллоев

Юсуф Абдуллоев, сармураббии дастаи лигаи олии футболи Тоҷикистон - “Хайр”-и Ваҳдат, аз вазифааш барканор шуд.

Дар ин бора ба дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон Баҳриддин Мирзоев, сардори дастаи “Хайр”, хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ сабаби аз вазифа сабукдӯш шудани Юсуф Абдуллоев натоиҷи ғайриқаноатбахши даста дар оғози мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии кишвар мебошад.

“Хайр” дар се бозӣ 4 имтиёз ба даст овардааст: як ғалаба (бар “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Румӣ бо ҳисоби 2:0), як мусовӣ (бо “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:1) ва як бохт (ба “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби 1:3).

“Хайр” ба бозии навбатӣ, ки рӯзи 12-уми май бо тими меҳмон - “Энергетик”-и Душанбе баргузор мешавад, таҳти раҳбарии Исроил Идиев, капитан ва иҷрокунандаи вазифаи сармураббии даста, омодагӣ мебинад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG