Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИА таҳқиқи мушикофонаи ҳамла ба М.Ҳайитро муҳим донист


Дафтари матбуоти Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон рӯзи 6-уми май бо пахши як баёнияи, ҳамла ва латукӯби муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ҳайитро маҳкум кард. Намояндагии ИА аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кардааст, ки барои ошкор кардани омилони ҳодисаи латту куби фаъоли Ҳизби наҳзати исломӣ, тафтишоти ҷиддӣ ва ҳамаҷониба анҷом диҳад. Дар ин баёни таъкид шудааст, ки Муҳаммадалии Ҳайит намояндаи ҳизби муҳими қонунии мухолифин аст ва таҳқиқоти шаффофи ҳодиса, барои эътимод ба интихоботи президентӣ аҳамияти муҳим дорад. Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо баёнияи худро бо ризогии сафирони кишварҳои узви Иттҳиодия Аврупо дар Тоҷикистон, пахш кард.
XS
SM
MD
LG