Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гирдиҳамоӣ дар солгарди намоишҳои эътирозии Болотная


Рӯзи якшанбе ба муносибати аввалин солгарди эътирози хунини мухолифини бозгашти Владимир Путин ба сари қудрат дар маркази Маскав гирдиҳамоӣ доир шуд.

Эътирозгарон ба тарафи майдони Болотная раҳпаймоӣ намуданд. Шашуми майи соли гузашта дар арафаи маросими савгандёдкунии президенти мунтахаб Путин раҳпаймоии ҳамсон ба задухӯрд бо полис табдил ёфта буд.

То ҳол 28 иштирокчии раҳпаймоии Болотная бо иттиҳоми даъват ба нооромии дастаҷамъӣ мувоҷеҳ мебошанд.

Дар як соли гузашта дар зери фишори Кремл ҷунбиши эътирозии Русия заиф шуд. Дар гирдиҳамоии рӯзи якшанбе ба қавли полис 400 нафар иштирок доштанд.

Эътирозгарон пешбинӣ мекунанд, ки дар эътироз то 10 ҳазор нафар ҳузур хоҳанд дошт. Ба қавли ташкилкунандагон раҳпаймоии асосӣ рӯзи душанбе расо як сол баъди таъқиби эътироз дар Болотная барпо мешавад.
XS
SM
MD
LG