Пайвандҳои дастрасӣ

Сарвазири Эстония ба Тоҷикистон сафар мекунад


Андрус Ансип

Андрус Ансип

Сарвазири Эстония Андрус Ансип рӯзи 6 май бо як сафари серӯза вориди Душанбе мешавад. Ӯро дар ин сафар як ҳайъати иборат аз 15 тоҷири эстон ҳамроҳӣ хоҳанд кард. Қарор аст, Андрус Ансип бо ҳамтои тоҷикаш Оқил Оқилов ва раиси парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот кунад. Таҳкими равобити сиёсиву иқтисодии Тоҷикистону Эстония, таъйиди идомаи пуштибонии Таллин ва Иттиҳодияи аврупо аз рушди минтақа, бахусус дар пешорӯи хуруҷи нирӯҳои НАТО аз Афғонистон то поёни соли 2014, аз аҳдофи ин сафари Ансип ба Душанбе гуфта мешавад. Рӯзи сешанбе дар пойтахти Тоҷикистон бизнес-форуми тоҷирони тоҷику эстон доир хоҳад шуд. Тоҷикистон феълан дар байн шарикони тиҷории Эстония дар мақоми 105-ум будааст.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 аз Эстония боздид карда буд. Дар соли 2012 вазирои хориҷаи Эстония Урмас Паэт аз Душанбе дидан кард. Сафари Ансип ба Тоҷикистон то шоми чоршанбе идома хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG