Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Пират"-ҳои тоҷик дар як ҳизб гирди ҳам меоянд


Рамзи ҳизби пиратҳои Тоҷикистон

Рамзи ҳизби пиратҳои Тоҷикистон

Ду донишҷӯи тоҷик дар Маскав аз таъсиси Ҳизби пиратии Тоҷикистон хабар доданд.

Шаҳбоз Сияров ва Эҳсон Одинаев, донишҷӯёни Донишгоҳи нави Русия (РосНОУ) ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳадаф аз ташкили ин ҳизб ҳимоят аз озодӣ ва шаффофият дар Интернет, аз ҷумла дар ҳамкорӣ бо ҳукумат ва истифодабарандагону мутахассисони IT - и Тоҷикистон аст.

Шиори ҳизб: «Интернети озод!» аст ва ба қавли муассисонаш, корбарони Интернет дар Тоҷикистон метавонанд узви ин ҳизб шаванд.

Шаҳбоз Сияров мегӯяд, чанд рӯз қабл дар шаҳри Қазони Русия Анҷумани навбатии Ҳизби пиратии Русия доир шуд, ки дар он намояндагони кишварҳои соҳили Балтика ва Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ (СНГ) ширкат доштанд. Шаҳбоз Сияров ва Эҳсон Одинаевро ҳамчун намояндаи Тоҷикистон ба ин анҷуман даъват кардаанд. Оқои Сияров гуфт, аз таъсиси ҳизби онҳо раҳбари Ҳизби пиратии Русия Павел Рассудов ҳимоят кардааст.

Ҳизбҳои пиратӣ дар ҷаҳон ба хотири ҳимоят аз ҳуқуқи муаллиф, моликияти зеҳнӣ, ҳуқуқи муаллиф ва табодули озоди иттилоъ, бахусус дар Интернет пайдо шудаанд. Аввалин ҳизби пиратӣ дар ҷаҳон соли 2005 дар Шветсия ташкил шуд. Аммо алайҳи он Ҳизби антипиратӣ ҳам созмон ёфт, ки ақидаи таъқиби ҷинояткорӣ дар Интернетро ташвиқ мекунад. Ҳизби пиратӣ дар Шветсия сабти ном нашуд, аммо дар Аврупо ва ҷаҳон ҳаракати ҳизбҳои пиратӣ ё як “Интернатсионал”-е рӯи кор омадааст, ки ҳоло дар 64 кишвар сабти ном шуда, ё амалан фаъолият мекунанд.

Соли 2009 дар конфронси Интернатсионали аҳзоби пиратӣ дар шаҳри Упсалаи Шветсия ба хотири ширкат дар интихоботи парлумони Аврупо тааҳҳуд карданд. Дар конфронси ин “Интернатсионал” соли 2012 дар Прага тавофуқ карданд, ки дар интихоботи соли 2014 – и парлумони Аврупо ҳамчун ҳизби воҳид ширкат кунанд. Ин ҳизбҳо мехоҳанд Ҳизби пиратии Аврупо ва дар сатҳи ҷаҳон Ҳизби пиратии «Пиратҳои бидуни марз» - ро ташкил кунанд.

Аммо соли равон дар Русия мақомот аз сабти номи Ҳизби пиратӣ даст кашида, эълом доштаанд, ки пиратӣ, ё роҳзанӣ дар ин кишвар ҷиноят эълон шудааст.
Ақидаи умумии аҳзоби пиратӣ ин аст, ки фанновариҳои ҷадид на фақат воситаҳои меҳнат, балки муносибатҳои инсониро ҳам дигар кардаанд.


Шаҳбоз Сияров( Акс аз саҳифаи ӯ дар Фейсбук)

Шаҳбоз Сияров( Акс аз саҳифаи ӯ дар Фейсбук)

Шаҳбоз Сияров мегӯяд, ҳоло сомона ва оинномаи ҳизбро омода мекунанд ва тобистон ба Тоҷикистон омада, аз пайи сабти номи он мешаванд. Вай афзуд, раиси Ҳизби пиратии Русия ваъда додааст, ки барои ворид шудани ин ҳизб ба “Интернатсионал”-и аҳзоби пиратӣ кӯмак мекунад.

Дар Осиёи Марказӣ пас аз Қазоқистон Тоҷикистон дуввумин кишварест, ки ба таъсиси ҳизби пиратӣ азм мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG