Пайвандҳои дастрасӣ

Бархӯрд дар водии Тира боиси фавти 18 нафар шуд


Низомиёни Покистон мегӯянд, дар минтақаи қабилаҳо бархӯрд бо ҷангҷӯён ҷой доштааст.

Дар изҳороте, ки рӯзи якшанбе ба табъ расид, низомиён таъкид кардаанд, ки аснои амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ дар водии Тираи ҳаммарз бо Афғонистон 16 ҷангҷӯй ва 2 сарбози давлатӣ кушта шуданд.

Ҷангҷӯён аз моҳи январ ба ин тараф кӯшиш доранд, водии стратегии Тираро зери назорат қарор диҳанд. Вале ҳукумат бо истифода аз нерӯҳои ҳавоиву заминӣ ба пешрафти ҷангҷӯён муқовимат мекунад.

Манбаъҳои мустақил дар бораи ин бархӯрд чизе нанавиштаанд, зеро ҳузури рӯзноманигорон дар ин минтақа манъ мебошад. Мақомоти Покистон мегӯянд, бархӯрдҳо боис шудаанд, ки тахминан 48 ҳазор нафар макони зисти доимиашонро тарк намоянд.
XS
SM
MD
LG