Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷустуҷӯи Шӯҳратҷони гумшуда кумак кунед!


Шӯҳратҷон Ҳақназарзода
Шӯҳратҷон Ҳақназарзода

Як шунавандаи Озодӣ аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия барои ҷустуҷӯи ҷияни гумшудааш аз ҳамватанон кумак мехоҳад.

Бозорбой Ҳақназаров рӯзи 5 май ба Озодӣ гуфт, ки бародарзодааш Шӯҳратҷони Ҳақназарзода, санаи таваллудаш 22 сентябри 1991, зодаи рустои Гулободи ҷамоати Фирдавсии ноҳияи Ваҳдат, аз шаби 29 апрел бедарак шудааст.

Бозорбой Ҳақназаров гуфт, бародарзодааш дар Петербург рӯзона дар як амбор ҳаммолӣ мекард ва шабҳо таксӣ мезад. Ӯ бори охир соатҳои тақрибан 23 шаби 29 апрел бо янгааш - ҳамсари Бозорбой Ҳақназаров- аз фурӯшгоҳи “Ашан” дар тамос шуда, гуфтааст, ки бо худ муштарӣ дорад ва бояд аввал ӯро ба манзил бирасонад. Бозорбой гуфт, баъди ин ҳеҷ иттилоъе дар бораи Шӯҳратҷон надоранд, ки бо кӣ буду куҷо рафт ва ҳоло куҷост? Ӯ мегӯяд, Шӯҳратҷон савори мошине буд, ки шумораи давлатиаш аз Латвия аст.

Бозорбой Ҳақназаров мегӯяд, ба пулиси Санкт-Петербург муроҷиат кард, вале онҳо гуфтаанд, азбаски бародарзодааш сабти ном надошт ва қонунӣ кор намекард, ӯро ҷустуҷӯ нахоҳанд кард. Ҳамсӯҳбати мо афзуд, ӯ ибтидо ба шӯъбаи 57-уми пулис рафт, ӯро аз онҷо ба шӯъбаи 59-ум фиристоданд, аз шӯъбаи 59 – боз ба шӯъбаи 57... вале дар ниҳоят маълум шуд, ки пулис Шӯҳратҷони Ҳақназарзодаро ҷустуҷӯ карданӣ нест.

Бозорбой Ҳақназаров ҳоло аз хонандагону шунавандагони Озодӣ ва тамоми тоҷиконе, ки дар шаҳри Санкт-Петербургу атрофи он кору зиндагӣ мекунанд, хоҳиш дорад, ки ба ӯ дар амри пайдо кардани бародарзодааш кумак кунанд.
Телефони Бозорбой Ҳақназаров: (7) 9522631899
XS
SM
MD
LG