Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ҳамлаи Исроилро маҳкум кард


 Ромин Меҳмонпараст-сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Эрон
Ромин Меҳмонпараст-сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Эрон
Вазорати корҳои хориҷии Эрон ҳамлаи ҳавоии Исроил болои Сурияро маҳкум карда, аз мамолики олам хостааст, бар зидди Исроил қиём намоянд.

Телевизиони англисизабони эронии Press TV аз нақли Ромин Меҳмонпараст иқтибос овардааст, ки ин “таҷовуз”-и Исроил асту ҳадаф аз он ноором намудани минтақа мебошад.

Рӯзи якшанбе Сурия Исроилро бо мушакборони пажӯҳишгоҳи низомӣ дар шаҳри Димашқ муттаҳам кард. Ин хабар баъд аз он нашр шуд, ки субҳи якшанбе пойтахти Сурияро таркишҳои нерӯманд такон доданд.

Дар бораи талафоти ҷониву молӣ чизе нашр нашудааст. Агар ҳамлаи рӯзи якшанбе тасдиқ шавад, ин амалиёти дуюми Исроил бар зидди Сурия дар давоми се рӯзи ахир хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG