Пайвандҳои дастрасӣ

Чемпиони ҷаҳон баъди зиндон ҳам беҳтарин будааст


Чемпиони ҷаҳон дар вазни то 63,5 килограмм, муштзани амрикоӣ Флойд Майвезер боз пирӯз шуд.

Шоми шанбе дар Лас Вегаси ИМА ӯ Роберт Геррероро мағлуб кард. Баъди 12 даври муштзанӣ ҳар се довар пирӯзиро ба Майвезер доданд.

Ин аввалин ғалабаи Майвезер баъди тарки зиндон аст. Соли гузашта додгоҳ бо ҷурми хушунати хонагӣ ӯро ба муддати се моҳ аз озодӣ маҳрум карда буд.

Майвезери 36-сола ба хотири ин пирӯзиаш 32 миллион доллар касб мекунад.

Маҷаллаи “Forbes” Майвезерро сарватмандтарин варзишгари рӯи олам номидааст. Майвезер дар бокси ҳирфаӣ 44 дафъа дастболо шуда, ягон дафъа ноком набудааст.

Мисли он рӯзи шанбе дар Олмон чемпиони ҷаҳон дар вазни мутлақ, муштзани украинӣ Владимир Кличко муштзани италиявӣ Франческо Пианетаро бо зарбаи нокаут (knock out) шикаст дода, унвони беҳтарин муштзани ҷаҳонро бори дигар тасдиқ кард.
XS
SM
MD
LG