Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

40 рӯз гузашт, вале Маликаву Сабинаро ҳанӯз наёфтаанд


Пайвандони Малика ва Сабинаи гумшуда хабари нашршуда дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар бораи пайдо шудани фарзандонашонро радд мекунанд.

Амакбачаҳо - Маликаи 5-сола ва Сабинаи 4-сола – ҳанӯз рӯзи 25 март дар минтақаи “Садбарг”-и Душанбе ғайб заданд.

Улуғбек Аралов, падари Сабина рӯзи 5 май дар як тамоси кӯтоҳ бо Озодӣ гуфт, онҳо то ҳол аз пайвандони худ дараке наёфтаанд. Ин дар ҳолест ки шоми 4 май дар шабакаи Фейсбук хабари умедворкунандае нашр шуд, ки мегуфт, Сабина ва Маликаро пайдо кардаанд ва хушбахтона, ҳарду зиндаву саломатанд.

Волидони тифлони гумшуда дар пайи гум шудани Малика ва Сабина дар баробари мақомоти интизомиву амниятии Тоҷикистон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷомиа низ дар ҷустуҷӯи пайвандони худ кумак хоста буданд. Ин қазия дар ҷомиа чунон сарусадо кард, ки рӯзи 23 апрел раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар як маросим бо ширкати масъулони мақомоти интизомӣ аз онҳо талаб кард, то барои ҳарчӣ зудтар ошкор кардани ин ва дигар ҷиноятҳои, ба таъбири ӯ, доғдоркунандаи номи давлату миллат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи он тадбирҳои судбахш амалӣ намоянд.


Вазорати умури дохила барои ҷустуҷӯи Малика ва Сабина як амалиёти вижаи тафтиши аснод дар пойтахтро ҳам созмон дод. Гуфта мешавад, ин вазорат барои пайдо кардани тифлони гумшуда аз FBI – Идораи федеролии тафтишотии Амрико – низ кумак хост. Дафтари матбуоти Вазорати дохилии Тоҷикистон рӯзи 24 апрел гуфт, ки намояндагони FBI "фаъолона ба ҷустуҷӯи Малика ва Сабина пайвастаанд." Мутахассисони ин ниҳод ҳамроҳ бо гурӯҳи махсуси пулиси тоҷик ки ба ҷустуҷӯи духтарчаҳои нопадидшуда сафарбар шудаанд, ҳамкорӣ доранд ва машваратҳои муҳим медиҳанд, мегӯянд масъулони ин вазорат. Инчунин имрӯз FBI таҷҳизоти махсуси криминалистиро, ки дар самти муайян намудани беномунишон гумгаштагон ва шахсони дар кофтуков қарордошта истифода бурда мешаванд, аз Амрико дастрас хоҳад кард.

Аммо пайвандони Малика ва Сабина мегӯянд, бо гузашти инак, 40 рӯз аз гум шудани онҳо то ҳол иттилоъи мувассақе дар бораи куҷо шудани онҳо ба даст наомадааст. Улуғбек Аралов ба Озодӣ гуфт, бо ин вуҷуд, онҳо ин умедро аз даст намедиҳанд, ки рӯзе ҳатман ҷигарбандони худро пайдо хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG