Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил ҳамла болои Сурияро тасдиқ кард


Рӯзи шанбе Исроил тасдиқ кард, ки ҳавопаймоҳои ҷангии ин кишвар болои хоки Сурия ҳамла карда, имкон надоданд, мушакҳо ба ҳизбуллоҳи Лубнон интиқол ёбанд.

Ба гуфти мансабдори исроилӣ силоҳи содиршаванда химиявӣ набуд, вале метавонист қонуни ба истилоҳ “бозӣ” бо ин гурӯҳи ҷангҷӯйро тағйир диҳад. Ба гуфти манбаъҳои исроилӣ ҳамла субҳи рӯзи ҷумъа ба вуқӯъ пайваста буд.

Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу борҳо гуфтааст, ки агар кӯшиши содироти силоҳи химиявӣ ва ягон навъи дигари силоҳ ба ҳизбуллоҳи Лубнон маълум шавад, давлати яҳудӣ омода аст, ба воситаи амалиёти низомӣ ба чунин амал роҳ надиҳад.
XS
SM
MD
LG