Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамрини низомии "Ҳифз-2013" дар Бадахшон


Тамрини нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон оғоз ёфт. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин тамринҳо таҳти унвони "Ҳифз-2013" дар се марҳала ва бо ширкати воҳидҳои низомии гарнизони ҳарбии Бадахшон то 19-уми май баргузор мешаванд. Вай афзуд, ҳангоми тамринҳо аслиҳаи оташфишон, чархболҳо, нақлиёти зиреҳпӯш ва тӯпҳо истифода мешаванд. Ҳадафи онҳоро манбаъ боло бурдани қобилияти ҷангии гарнизони ҳарбии Бадахшон дар ҳолати пеш омадани таҳдидҳои эҳтимолӣ унвон кард. Шурӯъи тамринҳо гӯё нигарониҳои сокинони Бадахшон дар мавриди боз як амалиёт алайҳи гурӯҳҳое, ки тобистони соли гузашта бо нерӯҳои ҳукуматӣ даргир шуда буданд, аз миён мебарад. Аммо иддае аз сокинон ҳанӯз ҳам аз он хавф доранд, ки ин тамринҳои қариб 15 рӯза метавонанд ба гунаи дигар мавриди истифодаи гурӯҳҳои манфиатхоҳ шаванд. Амалиёти июн ба августи соли 2012 дар Бадахшон, ки дар пайи куштори генерал Абдулло Назаров, сардори Раёсати амнияти миллии вилоят иттифоқ афтод, бо кушта шудани ҳудуди 70 нафар ба анҷом расид.
XS
SM
MD
LG