Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар макони суқути ҳавопаймои ИМА 2 ҷасад ёфт шуд


Дар Қирғизистон ҷустуҷӯи узви сеюми экипажи ҳавопаймои ИМА аз сар гирифта шуд.
Мансабдорони вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон рӯзи шанбе ба хабаргузории Итар Тасс гуфтанд, дар макони суқути ҳавопаймои KC-135 Stratotanker 2 ҷасад ёфт шудааст.

Ҳавопаймоҳои KC-135 Stratotanker барои таъмини ҳавопаймоҳои дигар бо маводи сӯхт дар ҳаво истифода мешаванд.

Ҳавопаймои амрикоӣ рӯзи ҷумъа дар назидикии деҳаи Чалдовар, воқеъ дар 160 километрии ғарби пойгоҳи ҳавоии ИМА дар фурудгоҳи Манас сарнагун шуд.

Сабаби ин ҳодиса то ҳол ошкор нашудааст. Шоҳидони мегӯянд, ҳавопаймо дар ҳаво пора-пора шудааст.

Пойгоҳи Манас маркази транзитии сарбозон ва муҳиммоти эътилофи байналмилалӣ ба Афғонистон аст.
XS
SM
MD
LG