Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил болои Сурия ҳамла кард


 Барак Обама
Барак Обама
Мансабдорони ИМА мегӯянд, эҳтимол бо мақсади маҳв намудани силоҳ Исроил болои қаламрави Сурия аз ҳамлаи ҳавоӣ ташкил кардааст. Ба қавли ин мансабдорон, ки нахостаанд, номашон ошкор шавад, ҳадафи ҳамла силоҳи химиявӣ набудааст.

Ҳамла шаби панҷшанбе ба ҷумъа ба вуқӯъ пайваста, ҳадафи он як бино будааст. Сафири Сурия дар СММ Башор Ҷаъфарӣ ба хабарнигорон гуфт, ки ӯ дар бораи ҳамла хабар надорад.

Дар ҳамин ҳол шоми ҷумъа президенти ИМА Барак Обама иброз дошт, ки ИМА тасмим надорад ба Сурия нерӯ фиристад:

Ман он сенарияро пешбинӣ намекунам, ки сарбозони амрикоӣ рӯи хоки Сурия қадам гузоранд. Фикр намекунам, ки ин амал ба Амрико ва ё Сурия беҳбуде орад”.

Як рӯз пеш аз ин паёми президент Обама вазири мудофиаи ИМА Чак Ҳейгел гуфт, ки кишвараш имкони ирсоли кумаки башарӣ ва муҳиммоти ғайри кушанда ба мухолифини ҳукумати президенти Сурия Башор ал-Асадро баррасӣ мекунад.

Баъзе фармондеҳони амрикоӣ хавф доранд, ки силоҳ метавонад ба дасти ҷангҷӯёни исломии зидди Амрико афтад.
XS
SM
MD
LG