Пайвандҳои дастрасӣ

Номзад ба мақоми вакилӣ дар Покистонро куштанд


Дар Покистон рӯзи ҷумъа як довталаби мақоми вакили порлумонро ҳамроҳ бо писари ҷавонаш куштаанд. Содиқ Замон Хаттакро баъди берун омаданаш аз намози ҷумъа дар назди масҷиде дар шаҳри Карочӣ бо зарби тири туфанг ба ҳалокат расонидаанд. Ӯ номзади Ҳизби Авоми Миллии Покистон ба мақоми вакилӣ дар порлумон буд ва ба ӯ дар гузашта таҳдидҳое сурат гирифтааст. Толибони Покистон масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтанд. Эҳсонуллоҳ Эҳсон, сухангӯи онҳо гуфтааст, ки ҳамлаҳо ба ҷони намояндагони аҳзоби тарафдори низоми дунявӣ дар Покистон ба мисли Ҳизби Авоми Миллӣ идома хоҳанд дод. То кунун се номзад ба мақоми вакилӣ ба порлумони Покистонро куштаанд. Қарор аст, интихобот рӯзи 11 май баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG