Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон созишнома бо Русияро тасвиб кард


Ҳукумати Тоҷикистон созишномаи баҳсбарангез дар бораи воридоти маводи сӯхтро тасвиб карда ва барои тасвиб ба ҳукумати Русия фиристодааст. Бино ба гузориши хабаргузории «Азия Плюс» ҳукумат рӯзи 29 апрел фармони тасвиби «Созишномаи ҳамкорӣ дар бораи воридоти маводи нафтӣ ба Тоҷикистон»-ро имзо кардааст. Дар вазорати умури хориҷӣ ба «Азия Плюс» гуфтаанд, ки умедворанд, Русия дар ояндаи наздик ин санадро тасвиб мекунад ва он ҳукми иҷро мегирад ва Тоҷикистон метавонад, ба воридоти сӯзишвории нафтии аз Русия бидуни боҷ шурӯъ кунад. Тарҳи созишномаи ҳамкории дуҷониба миёни Русияву Тоҷикистон барои воридоти боимтиёзи маводи сӯхт ба далели ихтилофи назари ду тараф аз моҳи сентябр то моҳи феврал тул кашид. Тоҷикистон дар ивази мизбонии пойгоҳи низомии Русия, хоста буд, ки маводи сӯхт бо қиммати поёнтаре ба кишвар ворид шавад, вале Русия ба он мувофиқат намекард. Бар асоси созишнома Русия бояд ба Тоҷикистон дар соли 2013 тақрибан 1 миллион тонна сӯзишвории нафтӣ ворид кунад, ки 70 дар сади он бензин ва соляркаву керосин аст. Тайи се моҳи гузашта Тоҷикистон воридоти маводи сӯхт аз Русияро тақрибан 30 ҳазор тонна камтар кардааст. Тоҷикистон умдатан маводи сӯхти нафтиро аз Русия ворид мекунад, вале солҳои ахир ба далели боло бурдани нарх, ба Қазоқистон рӯ овард ва пойбандиашро ба маводи сӯхти он кишвар андаке кам кард.
XS
SM
MD
LG