Пайвандҳои дастрасӣ

Дав бахшида ба солгарди Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх


Рӯзи 8-уми май бахшида ба ҷашни 150-умин солгарди Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар саросари ҷаҳон дав-эстафетаи марафонии ҷаҳонии 24-соата барпо мегардад.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ Ромин Ҳодизода, масъули иртиботот дар намояндагии КБСС дар Тоҷикистон, хабар дод.

Вай афзуд, “дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ рӯзи чоршанбеи 8-уми май дар Боғи ботаникӣ ё гиёҳшиносии шаҳри Душанбе дави 3-километра соати 16:00 шурӯъ мешавад. Дар даври аввал ғолибу мағлуб эълом нахоҳад шуд. Сипас даври дигари 3-километра барои кӯдакон ташкил мешавад. Ба бузургсолон таклиф мешавад боз 3 даври дигар бидаванд, ки дар маҷмӯъ 12 километрро ташкил медиҳад. Ин чорабинӣ дар чаҳорчӯби таҷлили идҳо дар моҳи май, ки тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон бахшида ба фаъолияти инсондӯстӣ ва пахши иттилоъ дар бораи Ҷунбиши Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар эълом шудааст, баргузор мешавад. Дар дав метавонанд ҳамаи хоҳишмандон ширкат варзанд. Аз ширкаткунандагон хоҳиш карда мешавад, ки бо худ пойафзоли варзишӣ бигиранд. Ташкилкунандагон онҳоро бо футболка ё куртаи варзишӣ, об таъмин менамоянд ва беҳтаринҳоро бо ҷоизаҳо сарфароз мегардонанд.”

Ба иттилои ҷаноби Ҳодизода дав-эстафетаи марафонии ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Ҷазираҳои Фиҷӣ соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ шурӯъ мешавад ва баъди 15 соат дар яке аз намояндагиҳои КБСС дар Амрикои Ҷанубӣ ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG