Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА аз ҳукуматҳо хост, барои матбуот фазои озод муҳайё кунанд


Иттиҳодияи Аврупо аз ҳукуматҳо хост, барои хабарнигорон фазои бидуни тарс аз сензураро муҳайё кунанд.

Кэтрин Эштон, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо бо пахши як баёния ба
муносибати Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот, сензура ва таҳдиду зуроварӣ алайҳи хабарнигоронро маҳкум кард.

Дафтари матбуотии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе, рӯзи 3-юми май баёнияи Кэтрин Эштон, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупоро ба муносибат 20-умин солгарди Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот интишор дод.

Дар он аз ҷумла гуфта мешавад, ки «Иттиҳодияи Аврупо дар назди хабарнигорони тамоми ҷаҳон сари таъзим фуруд меоварад, ки ҳаёти хешро барои инъикоси ҳаводис ва баёни назар ба хатар ва ҳатто ба марг рӯ ба рӯ мекунанд, дар ҳолате, ки гумон дорем бисёриёҳо сукутро афзал мешуморанд.»

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст, ки «Иттиҳодия Аврупо дар мубориза барои озодии матбуот дар тамоми ҷаҳон устувор аст ва афзоиши таҳдид, зўроварӣ ва сензураро, ки хабарнигорони дунё рў ба рў мешаванд, маҳкум медорад»

ИА аз ҳукуматдорон даъват ба амал овардааст, ки ба хабарнигорон фазои кории бехатар ва бе тарси сензура ё таъқиби додгоҳӣ фароҳам оранд.

Рӯзи ҷумъа, 3 май дар ҷаҳон Рӯзи Озодии Матбуот таҷлил шуд, ки ин рӯзро ба хотири эҳтиром ба ҳуқуқи озодии баён эълон кардаанд. Бист соли пеш, дар соли 1993 Маҷмаъи Умумии Созмони Милал, 3 майро рӯзи озодии баён эълон кард, ки дар банди 19 Аҳдномаи Байналмилалии Ҳуқуқи Инсон ба ҳайси як ҳаққи бунёдии инсон зикр шудааст.

Бо нашри гузориши тозае дар ҳамин рӯз, Созмони Авфи Байналмилал гуфт, шӯришиёни Сурия ва нерӯҳои ҳукуматӣ дар ҷанги дусолаи ин кишвар даҳҳо хабарнигорро куштаву боздошт ва шиканҷа кардаанд. Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон, ки дар Амрико қароргоҳ дорад, дар ин рӯз феҳрасти кишварҳоеро нашр кардаанд, ки дар онҳо хабарнигоронро мекушанд ва ҳукуматҳояшон ёфтани гунаҳкорон оҷиз мондаанд. Дар ин феҳраст, Ироқ, Сомалӣ, Филиппин, Шри Ланка, Колумбия, Мексика, Русия ва Бразилия шомиланд.
XS
SM
MD
LG