Пайвандҳои дастрасӣ

Парвиз Мушарраф ба балои нав гирифтор шуд


Пулиси Покистон рӯзи ҷумъа, Парвиз Мушарраф раиси ҷумҳури собиқи ин кишварро дар робита ба қатли Навоб Акбар Буғтӣ, як пешвои шинохтаи балуҷҳо дар соли 2006 боздошт кард. Ҳасан Какар, муфаттиши ин парванда гуфт, се афсари баландрутбаи пулис аз Вилояти Балуҷистон рӯзи панҷшанбе бозпурсии Мушарраф дар бораи ин қазияро шурӯъ карданд. Навоб Буғтӣ моҳи августи соли 2006 дар як амалиёте, ки Мушарраф амри онро дода буд, кушта шуд. Парвиз Мушарраф то кунун бинобар ду парвандаи дигараш дар ҳабси хонагӣ қарор дошт. Ӯро барои эъломи вазъи фавқуллода дар соли 2007 ва барканории додрасҳои Додгоҳи Олӣ ва иддаъоҳо дар бораи таъмини номуносиби амнияти нахуствазири кушташуда Беназир Бҳутто ба додгоҳ кашидаанд. Парвиз Мушарраф, ки чаҳор сол дар ғурбат ба сар мебурд, моҳи гузашта ба хотири ширкат дар интихоботи моҳи май ба Покистон баргашт, вале ба ӯ иҷозаи ширкат дар ин корзори сиёсиро надоданд.
XS
SM
MD
LG