Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазъияти ҳавзаи евро имсол бадтар хоҳад шуд


Кумиссиёни Аврупо мегӯяд, рукуди иқтисодӣ дар ҳавзаи кишварҳои евро имсол назар ба ончӣ ки пешбинӣ мешуд, бадтар хоҳад буд. Ин ниҳоди иҷроияи Иттиҳодияи Аврупо гуфт, интизор меравад, ки ҳаҷми тавлиди нохолиси миллӣ дар кишварҳои ҳавзаи евро имсол на 0,3 дар сад, балки 0,4 дар сад коҳиш биёбад. Иқтисоди Фаронса дуввумин иқтисоди бузурги ҳавзаи евро имсол ба рукуд афтода ва танҳо 0,1 дар сад рушд хоҳад кард. Тавлидоти нохолиси Юнони гирифтор, имсол 4,2 дар сад камтар мешавад, вале соли 2014 ва баъди шаш соли рукуд, андаке афзоиш хоҳад ёфт. Мизони миёнаи бекорӣ дар ҳавзаи евро ба гуфтаи Кумиссиёни Аврупо ба бештар аз 12 дар сад хоҳад расид. Вале бо вуҷуди ин омори маъюскунанда, иқтисоди тамоми 17 кишвари ҳавзаи евро дар соли 2014 мумкин аст, 1,2 дар сад рушд кунад.
XS
SM
MD
LG